Ташрифи вазири нақлиёти Покистон ба Душанбе

Date:

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Вазири нақлиёти Покистон Арбоб Оламгир Хон бо сафари серӯзаи корӣ рӯзи 7-уми августи соли равон ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзи 9-ум август вазири нақлиёти Покистонро нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ба ҳузур хоҳад пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили роҳандозии хатсайри ҳавоии мунтазам миёни Душанбеву Исломобод, сохтмони роҳи оҳан  ва автомобилгард тавассути қаламрави Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар барномаи сафари вазири нақлиёти Покистон ҳамчунин вохӯриву гуфтушунидҳо бо як зумра аъзои ҳукумат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...