Як силсила мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ашқобод

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Рӯзи 3-юми  августи соли 2011 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро, ки дар ш. Ашқобод бо сафари корӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.  Тавре аз департаменти иттлооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот бо Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳаммадов ҷонибҳо муносибатҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии […]

Asia-Plus

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Рӯзи 3-юми  августи соли 2011 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро, ки дар ш. Ашқобод бо сафари корӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз департаменти иттлооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот бо Президенти Туркманистон Г. Бердимуҳаммадов ҷонибҳо муносибатҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро арзёбӣ намуда, роҳҳои густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва пурсамар истифода бурдани имкониятҳои калони ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судмандро баён намуданд. Аз ҷумла дар мавриди масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои сиёсат, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 Сипас, мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Раиси Девони Вазирон Боймурод Хоҷамуҳаммедов баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои равобити дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Меҳвари асосии вохӯрии Вазир Ҳ. Зарифӣ ва Муовини Раиси Девони Вазирон – Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи соҳавӣ ташкил дод. Ҷонибҳо ҳамчунин иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд.

 Ҳамсӯҳбатҳо таъкид бар он доштанд, ки ҷонибҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо, аз имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи чунин раванди мусбии равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард.

 Дар охири сӯҳбат Ҳамрохон Зарифӣ ҳамтои худро барои боздид аз Тоҷикистон дар вақти ба он ҷониб муносиб даъват намуд. Р. Мередов даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро мусбат пазируфт.

 Рӯзи 4 август Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ вохӯрии худро бо Муовини Раиси Девони Вазирон Дерягелди Оразов ҷиҳати баррасии масъалаҳои дуҷониба оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва сохтмон мавриди муҳокима қарор дод. Дар ин самт таваҷҷӯҳи зиёд ҷиҳати татбиқи босамари сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард, сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ, пайваст намудани шабакаҳои энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа, зоҳир карда шуд.

 Нимаи дуюми рӯз вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо Муовини Раиси Девони Вазирон Назаргули Шогулиев барпо гардид, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, дар соҳаи алоқаи байналмилалии роҳи оҳан, кушодани хатсайри ҳавоӣ миёни ду кишвар ва дигар ҳамкориҳои минтақавӣ ва соири масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.

 Вазири корҳои хориҷӣ Ҳ.Зарифи дар вохӯри бо Муовини Раиси Девони Вазирон Оразмурод Гурбанназаров марбут ба муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар ва ҷиҳати тақвият дар ин самт, бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда, кушодани “Хонаи савдо” дар марказҳои ҳарду кишвар, инчунин хариди молу маҳсулотҳои истеъмолӣ тавассути биржаи давлатии молу ашёи Туркманистон баррасӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.