Оғози мурофиаи додгоҳии роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр»

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Додгоҳи Олӣ мурофиаи парвандаи ҷиноӣ нисбати директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов оғоз гардид. Дар рӯзи аввали оғози мурофиа, 4-уми август, ки таҳти раёсати додраси Додгоҳи Олӣ Шавкат Абдулхайров доир мегардад, ҳимоягарони айбдоршаванда дархост пешниҳод намуданд, ки чораи ҷазои дар ҳабс нигоҳ доштан иваз карда шавад. Ба […]

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Додгоҳи Олӣ мурофиаи парвандаи ҷиноӣ нисбати директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов оғоз гардид.

Дар рӯзи аввали оғози мурофиа, 4-уми август, ки таҳти раёсати додраси Додгоҳи Олӣ Шавкат Абдулхайров доир мегардад, ҳимоягарони айбдоршаванда дархост пешниҳод намуданд, ки чораи ҷазои дар ҳабс нигоҳ доштан иваз карда шавад.

Ба гуфтаи ҳимоягари айбдоршаванда Шӯҳрат Қудратов, пас аз машварат додрас ин дархости онҳоро қонеъ накард.

Сипас додгоҳ бо ақидаи ҷонибҳо ошно гардида, ба хулосае расид, ки дар ҷараёни баррасии парванда нахуст баёноти ҷабрдидагону шоҳидон ва пас аз ин нишондоди айбдоршаванда шунида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.

Дар ҳамин ҳол, шумори умумии саҳҳомони ширкат 700 нафарро ташкил медиҳад, ки 250 нафарашон аллакай ё соҳиби хона шудаанду ё дар даст ҳуҷҷати гирифтани манзилро доранд ва 450 нафари дигар манзилҳои худро дар биноҳои сохтмонаш нотамом интизоранд.

Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».

Ширкати «Мовароуннаҳр шурӯъ аз соли 2005 ба сохтмони ипотекӣ машғул аст, аммо бо қисман ё пурра гирифтани маблағи манзил на ба ҳама манзили ваъдашударо додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.