Президент ба фаъолияти Кохи матбуоти нави Хуҷанд ҳусни ифтитоҳ бахшид

Хуҷанд. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор додани Кохи нави матбуоти шаҳри Хуҷанд ширкат варзид. Сохтмони маҷмаа соли 2007 шурӯъ шуда, ин бинои 13-ошёна яке аз биноҳои баландтарини шаҳри Хуҷанд аст ва баландии он 54 метру дорои 200 ҳуҷраи корӣ аст. Дар қисмати таҳхонаи бино […]

Мавлуда Рафиева

Хуҷанд. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор додани Кохи нави матбуоти шаҳри Хуҷанд ширкат варзид.

Сохтмони маҷмаа соли 2007 шурӯъ шуда, ин бинои 13-ошёна яке аз биноҳои баландтарини шаҳри Хуҷанд аст ва баландии он 54 метру дорои 200 ҳуҷраи корӣ аст.

Дар қисмати таҳхонаи бино ошхона ва се толори конфронс ва дар ошёнаи охирини он боғи зимистона ва майдони азназаргузаронӣ бо дастгоҳҳои оптикӣ ҷойгир аст. Ҳуҷраҳои корӣ бо тарзи аврупоӣ сохта шуда бо кондитсионерҳои «зимистон-тобистон» муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мебели зарурӣ ва интернети беноқил таъмин гардида, чор лифт омодаи кор аст. Арзиши бино бо тамоми таҷҳизоташ 23 млн. сомонӣ маблағ аз ҳисоби бюҷетро ташкил дода, дар он васоити ахбори умуми давлатӣ ва намояндагони нашриёти хусусиву байнулмилалӣ низ фаъолият карда метавонанд.

Дар ин бино ширкатҳои телевизионӣ ҷойгир шуда наметавонанд, зеро барои онҳо шароити махсус зарур аст, вале хабарнигорони шабакаҳои телевизионии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ метавонанд  дар ин ҷо дафтари корӣ ба иҷора гиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.