Хадамоти муҳоҷират: Мушкилоти асосии муҳоҷирон надонистани забони русӣ ва ҳуқуқҳои худ аст

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ ва истифода аз ҳуқуқҳои худ мушкилоти аслии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки аз он корфармоҳои беинсофи Русия истифода мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ахири моҳи июл 20 нафар шаҳрвандони тоҷик бо ариза […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 5-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ ва истифода аз ҳуқуқҳои худ мушкилоти аслии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки аз он корфармоҳои беинсофи Русия истифода мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ахири моҳи июл 20 нафар шаҳрвандони тоҷик бо ариза дар бораи напардохтани музди меҳнаташон дар ҳаҷми 617 ҳазор рубли русӣ аз ҷониби ҶДММ «Консумек» муроҷиат намудаанд.

«Дар натиҷаи гуфтушуниди кормандони хадамот ва намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия маоши шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби корхона пурра пардохта шуд», – гуфт манбаъ.

Дар намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони тоҷик даъват ба амал меоваранд, ки қабл аз шурӯъи кор ҳатман бо корхона шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд, зеро мавҷуд будани шартномаи меҳнатӣ зимни риоя накардани шартҳо аз ҷониби корфармо зарур аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.