Таъини сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Робин Ҷереми Орд-Смит сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин карда шуд, ки дар ин мансаб Тревор Чарлз Мурро иваз мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Британияи Кабир хабар доданд, Р.Ҷ. Орд-Смит моҳи марти соли 2012 ба Тоҷикистон хоҳад омад. Робин Ҷереми Орд-Смит дар Вазорати умури хориҷии […]

Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Робин Ҷереми Орд-Смит сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин карда шуд, ки дар ин мансаб Тревор Чарлз Мурро иваз мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Британияи Кабир хабар доданд, Р.Ҷ. Орд-Смит моҳи марти соли 2012 ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Робин Ҷереми Орд-Смит дар Вазорати умури хориҷии Британияи Кабир фаъолияти худро аз соли 1989 оғоз карда, дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Ҷопон, Малайзия, Руминия ва Алҷазоир ифои вазифа намудааст. Айни замон ӯ вазифаи директори департаменти Британияи Кабир оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Ироқро ба ӯҳда дорад.

Дар робита ба масъалаи таъини худ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Ҷереми Орд-Смит гуфтааст: «Ман аз таъини худ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон шоду ифтихорманд буда, кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар заминаи дастовардҳои ноилгардлидаи Тревор Мур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо идома диҳам. Ман ҳамчунин ба саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ миёни Британияи Кабиру Тоҷикистон низ омодаам». 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.