Идомаи баррасии додгоҳии даъвои А. Тағоймуродов нисбат ба рӯзномаи «Азия-Плюс»

Азия-Плюс

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи шаҳрвандӣ оид ба даъвои Анвар Тағоймуродов (собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ва феълан муовини вазири корҳои дохилии ҶТ) нисбат ба рӯзномаи «Азия-Плюс» дар бораи паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ва ҷуброни 1 млн. сомонӣ хисороти маънавӣ идома ёфт.

Ба гуфтаи намояндаи рӯзномаи «Азия-Плюс» Абдураҳмон Шарифов, ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ раисикунандаи мурофиа додрас Сайфиддин Камолов ба ҷонибҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро шарҳ дода, дархостҳои онҳоро қабул намуд.

Аз ҷумла, ҷониби даъвогар дархост кард, ки нусхаи мактуби барои баррасӣ ба Додситонии кулл аз 10-уми марти соли 2011 ирсолшуда дар бораи интишори мақолаи «Следствие или инкивизиция» (Тафтишот ё шиканҷа) аз 21.12.2010 сол пешниҳод карда шавад.

Аз ҷониби намояндагони рӯзномаи «Азия-Плюс» дархост карда шуд, ки бинобар риоя нашудани меъёрҳои қонунгузории шаҳрвандӣ-мурофиавӣ зимни пешниҳоди даъво, он бидуни баррасӣ гузошта шавад. Ҳамчунин намояндагони рӯзнома дархост карданд, ки даъвогари номуносиб будани А. Тағоймуродов нисбат ба ин парванда эътироф карда шавад, зеро ӯ аз номи мақомот ба пешниҳоди даъво ҳуқуқ надорад.

Намояндагони даъвогар ба додгоҳ изҳор карданд, ки ба ҳалли баҳс тариқи созиш омодаанд. Додгоҳ то пешниҳоди шартҳои созиши ҷонибҳо баррасии даъвои мазкурро мавқуф гузошт. Мурофиаи навбатии додгоҳӣ ба санаи 17-уми август таъин гардид.

Ёдрас мекунем, ки собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, феълан муовини вазири ин ниҳод Анвар Тағоймуродов нахуст нашрияи «Азия-Плюс» ва баъдан хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро ба додгоҳ кашид. Ба иддаои вай мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» олудаи тӯҳмату таҳқир буда, шаъну эътибор ва номи неки ӯро миёни кормандон ва ҷомеаи паст мезанад. Ӯ 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар матлаби Рамзия Мирзобекова аз шиканҷаву азоби боздоштшудаҳо аз сӯи кормандони интизомӣ нақл мешуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.