Сокини Суғд барои қатли падар ба 19 соли зиндон маҳкум гардид

Хуҷанд. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи вилояти Суғд сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли падараш ба 19 соли зиндон маҳкум намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи додгоҳии мазкур додраси додгоҳи вилоятӣ Абдуфайёз Абдуҷабборов хабар дод, сокини 20-солаи ҷамоати Исмоили ноҳияи зикршуда Темурбек Холмирзоев рӯзи 17-уми декабр дар хона бо кору бори рӯзгор машғул […]

Мавлюда Рафиева

Хуҷанд. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Додгоҳи вилояти Суғд сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли падараш ба 19 соли зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиаи додгоҳии мазкур додраси додгоҳи вилоятӣ Абдуфайёз Абдуҷабборов хабар дод, сокини 20-солаи ҷамоати Исмоили ноҳияи зикршуда Темурбек Холмирзоев рӯзи 17-уми декабр дар хона бо кору бори рӯзгор машғул будааст. Он замон падари ӯ – Абдуҳамид Холмирзоев дар ҳолати мастӣ ба хона меояд. Ба гуфтаи додрас, маълум шудааст, ки А. Холмирзоев аксаран ба майнӯшӣ машғул шуда, кор намекардааст.

Ҳамон рӯз байни падару писар ҷанҷол ба амал омада, А. Холмирзоев боз нияти аз хона рафтан доштааст, вале писараш ӯро ба меҳмонхона медарорад. Сипас дастони ӯро баста, ресмонро тариқи гардан мегузаронад, то ки ӯ ҳаракат карда натавонад. Баъд дари меҳмонхонаро пӯшида, аз пайи кори худ мешавад. Амалҳои худро Т. Холмирзоев чунин шарҳ додааст, ки ӯ хостааст падараш каме ба худ ояду дар бинои салқин ҳушёр шавад.

Дар натиҷа А. Холмирзоев аз ресмони дар гарданаш басташуда буғӣ гардида, ба ҳалокат расидааст. Дар мурофиа Т. Холмирзоев тасдиқ кард, ки ӯ нияти куштани падарашро надошт. Т. Холмирзоев мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 19 ҳодисаи куштор (ҳамин давраи соли гузашта – 26 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.