Писари М. Убайдуллоев намояндаи Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА таъин шуд

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Амирҷон Убайдуллоев, писари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, намояндаи нави Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор таъин карда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, моҳи гузашта мӯҳлати ваколати намояндаи пешини Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА Завқӣ Завқибеков […]

Игор Лекаркин

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Амирҷон Убайдуллоев, писари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, намояндаи нави Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор таъин карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, моҳи гузашта мӯҳлати ваколати намояндаи пешини Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА Завқӣ Завқибеков ба анҷом расид ва дар робита ба ин, созмонҳои байнулмилалӣ барои намояндаи нави Тоҷикистон ба ин мансаб даъватнома фиристоданд.

Президенти Тоҷикистон фармони таъини А. Убайдуллоев ба ин мансабро ҳанӯз 3 ҳафта пеш ба имзо расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, айни замон А. Убайдуллоев ба иҷрои вазифа шурӯъ карда, ҳамзамон ӯ мушовири мудири иҷрокунандаи ХБА ва БҶ аз Тоҷикистон низ мебошад.

Қаблан Амирҷон Убайдуллоев ба ҳайси сардори шӯъбаи идораи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард. Аз ин мансаб ӯ бо хоҳиши худаш рафтааст.

Ҳамчунин қаблан вазифаи намояндаи Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА-ро домоди президенти Тоҷикистон – Ҷамолиддин Нуралиев низ ба ӯҳда дошт. Айни замон ӯ муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.