Мусодираи 36 кило маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта зимни баргузории амалиёти махсус дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кормандони шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 36 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар деҳаи наздимарзии Сари Чашмаи ноҳияи Шӯрообод ба […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта зимни баргузории амалиёти махсус дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кормандони шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири РКД-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 36 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар деҳаи наздимарзии Сари Чашмаи ноҳияи Шӯрообод ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон боздошт гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 1 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва 35 кило бангдона дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ буода мешаванд», – гуфтанд дар ВКД.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон аз ҷониби кормандони тамоми воҳидҳои милисаи ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.