Идомаи баррасии додгоҳии даъвои А. Тағоймуродов нисбат ба рӯзномаи «Азия-Плюс»

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи шаҳрвандӣ оид ба даъвои Анвар Тағоймуродов (собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ва феълан муовини вазири корҳои дохилии ҶТ) нисбат ба рӯзномаи «Азия-Плюс» дар бораи паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ва ҷуброни 1 млн. сомонӣ хисороти маънавӣ […]

Азия-Плюс

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парвандаи шаҳрвандӣ оид ба даъвои Анвар Тағоймуродов (собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ва феълан муовини вазири корҳои дохилии ҶТ) нисбат ба рӯзномаи «Азия-Плюс» дар бораи паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ва ҷуброни 1 млн. сомонӣ хисороти маънавӣ идома ёфт.

Ба гуфтаи намояндаи рӯзномаи «Азия-Плюс» Абдураҳмон Шарифов, ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ раисикунандаи мурофиа додрас Сайфиддин Камолов ба ҷонибҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро шарҳ дода, дархостҳои онҳоро қабул намуд.

Аз ҷумла, ҷониби даъвогар дархост кард, ки нусхаи мактуби барои баррасӣ ба Додситонии кулл аз 10-уми марти соли 2011 ирсолшуда дар бораи интишори мақолаи «Следствие или инкивизиция» (Тафтишот ё шиканҷа) аз 21.12.2010 сол пешниҳод карда шавад.

Аз ҷониби намояндагони рӯзномаи «Азия-Плюс» дархост карда шуд, ки бинобар риоя нашудани меъёрҳои қонунгузории шаҳрвандӣ-мурофиавӣ зимни пешниҳоди даъво, он бидуни баррасӣ гузошта шавад. Ҳамчунин намояндагони рӯзнома дархост карданд, ки даъвогари номуносиб будани А. Тағоймуродов нисбат ба ин парванда эътироф карда шавад, зеро ӯ аз номи мақомот ба пешниҳоди даъво ҳуқуқ надорад.

Намояндагони даъвогар ба додгоҳ изҳор карданд, ки ба ҳалли баҳс тариқи созиш омодаанд. Додгоҳ то пешниҳоди шартҳои созиши ҷонибҳо баррасии даъвои мазкурро мавқуф гузошт. Мурофиаи навбатии додгоҳӣ ба санаи 17-уми август таъин гардид.

Ёдрас мекунем, ки собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, феълан муовини вазири ин ниҳод Анвар Тағоймуродов нахуст нашрияи «Азия-Плюс» ва баъдан хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро ба додгоҳ кашид. Ба иддаои вай мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» олудаи тӯҳмату таҳқир буда, шаъну эътибор ва номи неки ӯро миёни кормандон ва ҷомеаи паст мезанад. Ӯ 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар матлаби Рамзия Мирзобекова аз шиканҷаву азоби боздоштшудаҳо аз сӯи кормандони интизомӣ нақл мешуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.