Президент таъмини тартибу низоми зарурӣ дар бозорҳои истеъмолиро таъкид кард

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд.  Дар машварат Сарвазири малакат  Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.  Тавре аз хадамоти матбуоти срвари давлат хабар […]

Азия-Плюс

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд.  Дар машварат Сарвазири малакат  Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти срвари давлат хабар доданд, дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, омодагӣ ба таҷлили солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафа ва рўзҳои Иди саиди Фитр ва ҷашни истиқлол баррасӣ шуд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.

 Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагӣ ва таҷлили сазовори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дода шуд. Таъкид гардид, ки «ҳамаи иду ҷашнҳо дар Тоҷикистон, чун анаъана, ҳамқадам  бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ мебошанд ва ин анъанаи накў бояд ба кори ҳамарўзаи мо табдил ёбад, то ки як кишвари ободу шукуфон ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта дошта бошем».

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳамаи шахсони сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинону мусофирон, оилаҳои камбизоат ва ҳамаи ниёзмандон даъват намуда, таъкид дошт, ки «онҳо низ мисли ҳама бояд имкони бо шодию нишот истиқбол гирифтани иди саиди Фитр ва ҷашни солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро дошта бошанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.