Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Дар ВМКБ сарвари давлат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисоди вилоят аз наздик ошно хоҳад гардид. Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хоруғ ва як қатор ноҳияҳои ВМКБ боздид […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Дар ВМКБ сарвари давлат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷараёни баргузории ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисоди вилоят аз наздик ошно хоҳад гардид.

Дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хоруғ ва як қатор ноҳияҳои ВМКБ боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатӣ бунёдгардида ширкат хоҳад варзид.

Ҳамчунин сарвари давлат бо фаъолони вилоят ҷаласа доир хоҳад сохт, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Интизор меравад, ки зимни ҷаласа ва вохӯриҳо ба масоили рушди бахшҳои гуногуни иқтисод ва сохторҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин инкишофи имконоти соҳаи сайёҳии минтақа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.