Президент таъмини тартибу низоми зарурӣ дар бозорҳои истеъмолиро таъкид кард

Азия-Плюс

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд.  Дар машварат Сарвазири малакат  Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

 Тавре аз хадамоти матбуоти срвари давлат хабар доданд, дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, омодагӣ ба таҷлили солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафа ва рўзҳои Иди саиди Фитр ва ҷашни истиқлол баррасӣ шуд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.

 Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагӣ ва таҷлили сазовори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дода шуд. Таъкид гардид, ки «ҳамаи иду ҷашнҳо дар Тоҷикистон, чун анаъана, ҳамқадам  бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ мебошанд ва ин анъанаи накў бояд ба кори ҳамарўзаи мо табдил ёбад, то ки як кишвари ободу шукуфон ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта дошта бошем».

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳамаи шахсони сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинону мусофирон, оилаҳои камбизоат ва ҳамаи ниёзмандон даъват намуда, таъкид дошт, ки «онҳо низ мисли ҳама бояд имкони бо шодию нишот истиқбол гирифтани иди саиди Фитр ва ҷашни солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро дошта бошанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.