Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти раҳбарӣ ва фаъолони ВМКБ

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад, дар шаҳри Хоруғ бо мақомоти раҳбарӣ ва фаъолони вилоят мулоқот кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суханронӣ сарвари давлат сокинони вилоятро бо таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки дар давоми солҳои истиқлолият соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Бадахшон ба таври назаррас рушд ёфта, дар ин давра аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 1 миллиарду 620 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағҳо барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят сарф гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, сарвари давлат ҳамчунин изҳор кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ба рушди имконоти иқтисодии ВМКБ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад. «Ҳоло дар вилоят 13 корхона ва 20 сехи хурди саноатӣ фаъолият дошта, тавассути дастгирии вазорату идораҳо ва ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 сехи коркарди санг, 5 сехи дўзандагӣ ва 2 корхонаи хурди коркарди растаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст», – гуфт ӯ.

«Сарвари давлат ба сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати ҳарчи бештар дар корхонаҳои вилоят ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, бештар ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ, кушодани корхонаҳои муштарак ба хотири бо кор таъмин намудани занону духтарони маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зикр гардид, ки дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ба масоили рушди энергетикаи хурд, бахши сайёҳӣ ва сохтмони роҳҳо дар Бадахшон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтааст.

Сафари кории сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ба анҷом мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...