Ш. Шабдолов: Оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун»-ро набояд мавқуф гузошт

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов дар робита ба тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ перомуни худдорӣ варзидан аз оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун» мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон набояд оғози сохтмони ин иншооти муҳимро мавқуф гузорад. Зимни шарҳи мазмуни варақаи иттилоотии чанде қабл интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ роҷеъ ба тавсияҳои коршиносони […]

Аваз Юлдошев

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов дар робита ба тавсияҳои коршиносони Бонки ҷаҳонӣ перомуни худдорӣ варзидан аз оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун» мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон набояд оғози сохтмони ин иншооти муҳимро мавқуф гузорад.

Зимни шарҳи мазмуни варақаи иттилоотии чанде қабл интишоршудаи Бонки ҷаҳонӣ роҷеъ ба тавсияҳои коршиносони ин бонк ба ҳукумати Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ҳар як рӯзи интизорӣ метавонад ба вазъи нерӯгоҳҳои обӣ-барқии амалкунандаи силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш таъсири манфӣ расонад.

«Феълан мизони таҳшини лойқаи нерӯгоҳи «Норак» қариб то нуқтаи ниҳоӣ расидааст ва таъхири ин кор вазъи натанҳо нерӯгоҳи «Норак», балки нерӯгоҳҳои «Бойғозӣ», «Сангтӯда-2» ва «Сангтӯда-2»-ро низ метавонад ногувор созад», – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, пешвои коммунистон далелҳои коршиносони Бонки ҷаҳониро бобати он, ки бинобар мавҷудияти ҳаҷми зиёди маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш, ба оғози сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи «Роғун» бо сарбанди фосилавии баландиаш 120 метр тавсия дода намешавад,  ба кадри кофӣ асоснок намешуморад.

«Тамоми иншооте, ки дар ҷаҳон бунёд мегарданд, хоҳ нохоҳ як хатари ночизе доранд. Ҳаҷми маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш бошад, барои обанбори бузурге чун обанбори нерӯгоҳи «Роғун» ҳеҷ хатари ҷиддие надорад», – афзуд Ш. Шабдолов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади баррасии ҷараёни иҷрои таҳқиқоти бозрасӣ тибқи лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» сафари даҳрӯзаи худро ба Тоҷикистон анҷом дода, тибқи хулосаҳои худ, ба Тоҷикистон дарҳол оғоз намудани сохтмони навбати аввали нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро тавсия надоданд.

Мушовирони байнулмилалӣ, ки корҳои бозрасии техникиву иқтисодии лоиҳаро доир сохтанд,  хулосаи худро бо он шарҳ доданд, ки бинобар ҳаҷми зиёди маводи таҳшинии ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш, айни замон ба дарҳол оғоз намудани сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳ бо сарбанди фосилавии баландиаш 120 метр (дар нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр) тавсия дода намешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.