Кӯмаки журналистон ба оилаи ҳамтои ҳабсшудаи худ

Имрӯз мақомоти раҳбарии Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба оилаи рӯзноманигори ҳабсшуда Маҳмадюсуф Исмоилов маблағи пулии аз ҷониби журналистон ҷамъоваришударо месупорад. Ин маблағ баҳри дастгирии оилаи бесаробонмондаи ӯ зимни баргузории як аксияи ҳамраъйӣ ҷамъоварӣ гардид. Ба қавли ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги АМВАОМТ Абдуфаттоҳ Воҳидов, аксияи мазкур бо ташаббуси ин ниҳод сурат гирифта, ҷамъоварии […]

Бахтиёр Валиев

Имрӯз мақомоти раҳбарии Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба оилаи рӯзноманигори ҳабсшуда Маҳмадюсуф Исмоилов маблағи пулии аз ҷониби журналистон ҷамъоваришударо месупорад. Ин маблағ баҳри дастгирии оилаи бесаробонмондаи ӯ зимни баргузории як аксияи ҳамраъйӣ ҷамъоварӣ гардид.

Ба қавли ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги АМВАОМТ Абдуфаттоҳ Воҳидов, аксияи мазкур бо ташаббуси ин ниҳод сурат гирифта, ҷамъоварии маблағи пулӣ аз моҳи июн оғоз гардида буд. Иқдоми мазкурро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон, чанде аз рохбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, рӯзноманигорон, васоити ахбори умуми чопиву электронии ватаниву байнулмилалӣ дастгирӣ карданд. Дар маҷмӯъ 6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Хабарнигори ҳафтавори «Нури зиндагӣ», сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд Маҳмадюсуф Исмоилов моҳи ноябри соли 2010 ба иттиҳоми тӯҳмат ва барангехтани низоъи милливу нажодӣ боздошт шуда буд. Айни замон мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи М. Исмоилов то замони гирифтани натоиҷи ташхиси лингвистӣ мавқуф гузошта шудааст. Аз охири соли гузашта гумонбаршуда дар тавқифгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.