Таҷрибаомӯзии боғпарварони тоҷик дар Аврупо

Бо даъвати Президенти Ширкати калонтарини Аврупо оид ба парвариши навъҳои бехтарини дарахтҳои аврупоӣ «ARBOR», Президенти Бизнес клуби Белгия-Тоҷикистон Клаус Ван Дейк ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия гурӯҳи мутахассисони соҳаи растанипарварӣ ва боғдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати: Авезов Н. – мудири Шӯъбаи хоҷагидории Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Холов А. […]

Asia-Plus

Бо даъвати Президенти Ширкати калонтарини Аврупо оид ба парвариши навъҳои бехтарини дарахтҳои аврупоӣ «ARBOR», Президенти Бизнес клуби Белгия-Тоҷикистон Клаус Ван Дейк ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия гурӯҳи мутахассисони соҳаи растанипарварӣ ва боғдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати: Авезов Н. – мудири Шӯъбаи хоҷагидории Муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Холов А. – Директори Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон; Каримов А. – Директори Боғи миллӣ; ва Исматов А. – Муовини директори Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», рӯзҳои 8-12-уми августи соли равон дар Белгия Нидерланд дараҷаи ихтисоси худро такмил доданд.

 Бояд қайд кард, ки ширкати номбурда зиёда аз 120 сол қабл таъсис ёфта, дар маҷмӯъ 500 гектар заминҳои ниҳолпарварӣ дорад (250 га дар Белгия ва 250 га дар Фаронса). Намояндагони ҷумҳурӣ аз ҳар ду қитъаи заминҳои ниҳол ва гулпарварӣ дидан карда, таҷрибаи бой ва пешқадами ширкатро дар ин самт бодиққат ва ҳамаҷониба омӯхтанд. Дар анҷоми курси мазкур аз ҷониби Президенти ширкати номбурда ба намояндагони Тоҷикистон сертификатҳо супурда шуд.

 Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо роҳбари ширкати «Жааз Флауэрз», Раиси Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург, Президенти Бизнес клуби Нидерланд-Тоҷикистон Азиз Одилов сафари онҳоро ба ширкати «Жааз Флауэрз», ки дар ш.Гаагаи Нидерланд воқеъ аст, ташкил намуданд. Дар рафти сафари худ таҷрибаи кори пешқадами аврупоӣ ва раванди парвариши навъҳои беҳтарини гулҳои нидерландӣ, тарзи ороиши кӯчаҳо, хиёбонҳо, маҷлисгоҳҳо бо ин навъи растаниҳо омӯхта шуданд.

 Донишҳои андӯхта ва таҷрибаи гирифтаи мутахассисони тоҷик барои тараққи додани соҳаҳои ниҳолпарварӣ ва гулпарварӣ дар ҷумҳурӣ мавриди истифода бурда мешавад. Дар ин бора аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.