Озодии 700 нафар маҳбусон аз зиндонҳои Суғд

Рӯзи якшанбе, 28-уми августи соли равон аз зиндонҳои воқеъ дар минтақаи шимоли кишвар ҳудуди 700 нафар маҳбусони мавриди афв қароргирифта озод карда мешаванд. Твре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба иҷрои ҷазои ҷиноии вилояти Суғд Олимҷон Саидолимов хабар дод, махбусон аз муассисаи низоми қатъӣ ва шадид ва ҳамчунин боздоштгоҳи сукунат озод мегарданд. Миёни афвшудагон […]

Бахтиёр Валиев


Рӯзи якшанбе, 28-уми августи соли равон аз зиндонҳои воқеъ дар минтақаи шимоли кишвар ҳудуди 700 нафар маҳбусони мавриди афв қароргирифта озод карда мешаванд.

Твре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба иҷрои ҷазои ҷиноии вилояти Суғд Олимҷон Саидолимов хабар дод, махбусон аз муассисаи низоми қатъӣ ва шадид ва ҳамчунин боздоштгоҳи сукунат озод мегарданд. Миёни афвшудагон маҳбусони ҷинояти махсусан вазнин содирнамуда, аз ҷумла маҳбусони ба истилоҳ «сиёсӣ» низ ҳузур доранд. Онҳо маҳбусоне мебошанд, ки барои узвият дар созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд ё ҳамчунин ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба ҷуз созмондиҳандагону роҳбаронаш мебошанд. Ғайр аз ин, маҳбусони бемору маъюб, ки мавриди афв қарор гирифтаанд, низ озод карда мешаванд.

Пас аз озод шудан барои то манзили зист расонидани маҳбусон аз ҳисоби ҳукумати вилоят ва маъмурияти раёсати мазкур нақлиёт ҷудо карда мешавад.

«Дар афви мазкур ҳудуди 70 дарсади маҳбусон озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, аз корҳои ислоҳӣ боз 800 нафари дигар озод мегарданд. Мутассифона, ҳудуди 15-20 дарсади мавриди афв қароргирифтагон дубора ҷиноят содир намуда, ба зиндон дубора бармегарданд. Онҳо асосан дуздон, қаллобон ва авбошон мебошанд», – афзуд сардори Раёсат оид ба иҷрои ҷазо.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.