Анҷоми татбиқи лоиҳаи беҳбуди бахши чорводорӣ дар ноҳияи Мурғоб

Рӯзи 25-уми августи соли 2011 ҷаноби Йошихиро Накаяма, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар маросими анҷоми лоиҳа дар ҷамоати «Аличур» – и ноҳияи Мурғоб ширкат варзид.  Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи беҳтар намудани соҳаи чорводорӣ дар ҷамоати «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб» ба маблағи умумии 96.319 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар […]


Рӯзи 25-уми августи соли 2011 ҷаноби Йошихиро Накаяма, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар маросими анҷоми лоиҳа дар ҷамоати «Аличур» – и ноҳияи Мурғоб ширкат варзид.

 Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи беҳтар намудани соҳаи чорводорӣ дар ҷамоати «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб» ба маблағи умумии 96.319 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шудааст, муваффақона ба итмом расид.

«Барои чорводорони маҳаллӣ боамн нигоҳ доштани қутосҳо дар фасли зимистон амри муҳол буд, зеро фермаҳои мавҷудаи ҷамоати “Аличур” солҳои 1970  сохта шуда, ба шароити нигоҳдорӣ мутобиқ набуданд. Зарурати фавран сохтани фермаҳои нав барои таъмини амни қутосҳо пеш омад», – гуфтанд дар сафорати Ҷопон.

Ба иттилои манбаъ, тавассути лоиҳаи мазкур се фермаи қутоспарварӣ барои нигоҳдории онҳо дар шароити боамн дар фасли зимистони қаҳратун сохта шуд. «Гузашта аз ин, шабака барои обёрии 100 га замини роҳандозӣ шудааст. Дар натиҷа афзун намудани ҳосилнокии меҳнат боиси зиёд шудани даромад барои 600 чорводорони маҳаллии ҷамоати “Аличур”-и ноҳияи Мурғоб мегардад», – афзуд сарчашма.

Қобили зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байнулмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 271 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $19.8 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.