Сафорати ИМА: Амали корманди УБОП бояд таҳқиқ шавад

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди  таҳдидҳои  афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ба ду вакили мудофеи ҳафтаномаи  «Азия-Плюс» изҳори нигаронӣ мекунад .  Дар изҳороти интишорнамудаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори суд таҳаммулнопазир аст ва ин воқеа бояд таҳқиқ шавад, то ин ки бутунии системаи […]

Asia-Plus


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди  таҳдидҳои  афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ба ду вакили мудофеи ҳафтаномаи  «Азия-Плюс» изҳори нигаронӣ мекунад

Дар изҳороти интишорнамудаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, амали мазкур дар сурати ҳақиқат доштанаш дар толори суд таҳаммулнопазир аст ва ин воқеа бояд таҳқиқ шавад, то ин ки бутунии системаи адлияи кишвар нигоҳ дошта шавад. «Мо изҳороти ВКД оид ба ифтитоҳи таҳқиқи дохилиро ҳамчун як қадами мусбат арзёбӣ мекунем», – омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин дар изҳорот зикр мегардад, ки «мо дафтари додситонро водор мекунем, ки ин таҳдидҳоро ҷиддӣ қабул кунанд, ҳаматарафа таҳқиқ намоянд ва бо такя ба хулосаҳои таҳқиқот, чораҳои лозимӣ биандешанд».

Ёдрас мекунем, ки ба қавли вакилони мудофеъи ҳафтавори «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, дар таърихи 17 августи соли равон дар маҷлисгоҳи додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт намояндаи Анвар Тағоймуродов, собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД (феълан муовини вазири корҳои дохилӣ) – Валихон Муллоев ба онҳо таҳдид кардааст.

Рӯзи 18-уми август вакилони мудофеъи ҳафтавор бо ариза ба Додситонии кулл муроҷиат намуда, дар он дархост карданд, ки таҳдидҳои ҷазои ҷисмонии Муллоев воқеъӣ эътироф крда шавад.

Айн замон аз рӯйи ин ариза дар ВКД ва Додситони кулли ҷумҳурӣ корҳои тафтишотӣ анҷом дода мешаванд.

Дар таърихи 20-уми августи соли ҷорӣ сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо хариду фурӯши одамони ВКД Валихон Муллоев ба мансаби сардори шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Хатлон таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.