Ҷабрдидагони ҷанги мина: Кай ба он нуқта гузошта мешавад?

Расо 11 сол қабл, 29-уми августи соли 2000- шаҳрвандони тоҷик бори нахуст аз таркиши мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон осеб диданд . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази Тоҷикистон оид ба масоили мина Ҷонмаҳмад Раҷабов хабар дод, аз он замон то имрӯз бар асари таркиши мина дар қаламрави марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 74 нафар шаҳрвандони тоҷик […]

Наргис Ҳамробоева


Расо 11 сол қабл, 29-уми августи соли 2000- шаҳрвандони тоҷик бори нахуст аз таркиши мина дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон осеб диданд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази Тоҷикистон оид ба масоили мина Ҷонмаҳмад Раҷабов хабар дод, аз он замон то имрӯз бар асари таркиши мина дар қаламрави марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 74 нафар шаҳрвандони тоҷик ҳалок ва боз 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

«Ҳолатҳое ҳам буданд, ки аз таркиши мина худи шаҳрвандони Ӯзбекистон низ зарар диданд, вале мо дар ин бора маълумоти дақиқ дар даст надорем. Тӯли ин солҳо ягон ҷангӣ ё қочоқбари нашъаву аслиҳ аз мина осеб надид. Танҳо шаҳрвандони осоишта қурбони мина шуданд», – гуфт Раҷабов.

Ба қавли ӯ, Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ борҳо аз Ӯзбекистон сари масъалаи баргузории гуфтушунид оид ба ҳалли ин масъала дархост кардааст, то ки харитаи қаламрави мингузоштаро дастрас намояд, вале Тошканди расмӣ то ҳанӯз инро нодида мегирад. « Феълан мо мустақилона корҳои муайян кардани макони мингузоришударо доир менамоем. Чанде қабл ду гурӯҳ дар ноҳияи Ашт кор карданд ва мо ҳисоботи онҳоро мавриди таҳлил қарор додаем. Пас аз идҳои сентябрӣ онҳо корро дар ноҳияҳои дигар идома медиҳанд», – гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, Раҷабов ҳамчунин мегӯяд, тайи ду-се соли ахир ҳодисаҳои аз мина осеб дидани шаҳрвандони тоҷик бамаротиб кам шудааст. «Дар ҳамдастӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар хатти сарҳад беш аз 2 ҳазор аломатҳои огоҳкунанда гузошта шуда, дар доираи амалисозии барномаи «Огоҳсозии аҳолии наздисарҳадӣ аз хатари мина» бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Мо кӯшиш кардем, ки ин барнома фарогири тамоми аҳолии ин минтақаҳо бошад», – гуфт ӯ.

Айни замон дар Тоҷикистон таҳқиқ ва аз мина тоза кардани боз беш аз 9 млн. метри мураббаъи қаламрав зарур аст. Ин қаламрави марзи Тоҷикистону Афғонистон ва мавзеъҳоест, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ задухӯрдҳои шадид ба вуқӯъ пайваста буданд.

«Айни замон қисми зиёди гурӯҳҳои безараргардонӣ аз мина дар самти Афғонистон фаъолият доранд. Дар минтақаи марказии ҷумҳурӣ бинобар ҳодисаҳои маълум, муддати ду сол аст, ки корҳои аз мина безарагардонӣ гузаронида нашудаанд. Ба наздикӣ мо қаламрави водии Рашт в бахусус дараи Камаробро мавриди таҳқиқ қарор медиҳем», – афзуд Раҷабов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов