Паёми табрикии сарвари давлат ба муносибати иди саиди Фитр

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфт. Дар паёми табрикотии сарвари давлат гуфта мешавад, маҳз ба шарофати истиқлолият  расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тўли ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи аҷдодамон  имрўз ба як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. қонунияти бунёди давлати миллии муосир  тақозо дорад, ки  ҳам арзишҳои исломӣ […]

Asia-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфт.

Дар паёми табрикотии сарвари давлат гуфта мешавад, маҳз ба шарофати истиқлолият  расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тўли ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи аҷдодамон  имрўз ба як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. қонунияти бунёди давлати миллии муосир  тақозо дорад, ки  ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму оини аҷдодӣ  бояд дар хизмати мардуми Тоҷикистон ва сарбаландии онҳо  қарор дошта бошанд.

«Бо ҳамин мақсад  тайи солҳои охир дар мамлакати мо  ба хотири танзими масоили иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла дар мавриди дин  ва  расму оинҳо  як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуда, қонуну санадҳои ҳаётан муҳим  ба тасвиб расидаанд.  қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи онҳост.  Қонуни мазкур  мутобиқи талаботи ҷомеаи озод  баъд аз муҳокимаи умумихалқии тўлонӣ  ба тасвиб расида, дар таҳияи он  ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла аҳли уламо  бо  пешниҳодҳои мушаххас  саҳм гирифтанд», – омадааст дар паёми табрикотӣ.

 Дар паём ҳамчнин зикр мегардад, ки бузургтарин фазилати моҳи шарифи Рамазон  дар он нозил гаштани китоби муқаддаси қуръон  ҳамчун фарқ байни ҳаққу ботил, ҳалолу ҳаром ва илму ҷаҳолат аст. Дар нахустин оятҳои ба Паёмбари акрам нозилшуда  Худованд амр ба хондану навиштанро  ҳамчун василаи касби илм фармудааст.

«Аз ҷумлаи анъанаҳои неке, ки  барои истиқболи иди саиди Фитр  аз Паёмбари гиромиқадр  ба умматонаш  мерос мондааст, дар ин рўз  манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, либоси тозаву озодаи худро  пўшида, бо шодиву нишот  ба идгоҳ рафтан ва ҳамдигарро ба оѓўш гирифта, табрик кардан аст. Анъана ва суннати неки дигаре, ки  дар рўзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон  хайру саховат кардан мебошад», – зикр мегардад дар паём.

«Бо чунин ниятҳои нек, моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, ҳамаи шумо – хурду бузурги Ватани азизамонро  дар арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ  бори дигар бо фарорасии иди саиди Фитр  аз самими қалб муборакбод менамоям. Худованд  тоату ибодат ва дуову дуруди шуморо  дар ин моҳи муборак  мақбули даргоҳи худ гардонад! 

Ба ҳамаи шумо, бахту иқболи баланд, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, хушбахтиву некрўзӣ, дили шоду хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама, неъмати бузурги суботу оромӣ ва  осоишро орзумандам», – омадааст дар паёми сарвари давлат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.