Афв: Озодии беш аз 600 нафар аз муассисаҳои ислоҳии Суғд

Имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд беш аз 600 нафар маҳбусон озод карда мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҷазои ислоҳии вилояти Суғд хабар доданд, субҳи имрӯз аз боздоштгоҳи сукунат 370 нафар, зиндони низомаш қатъӣ ва шадид 123 нафар, аз тавқифгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд 57 нафар маҳбусон озод гардиданд. Ҳамчунин имрӯз аз тавқифгоҳи […]


Имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд беш аз 600 нафар маҳбусон озод карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҷазои ислоҳии вилояти Суғд хабар доданд, субҳи имрӯз аз боздоштгоҳи сукунат 370 нафар, зиндони низомаш қатъӣ ва шадид 123 нафар, аз тавқифгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд 57 нафар маҳбусон озод гардиданд. Ҳамчунин имрӯз аз тавқифгоҳи № 5-и шаҳри Истаравшан боз зиёда аз 90 нафар маҳбусон ба озодӣ мебароянд. Инҳо нахустин маҳбусони афвшуда мебошанд, ки миёни онҳо шахсони синнусоли аз 50-сола боло, маъюбон, ноболиғон, занон ва афроди аз чаҳоряк се ҳиссаи мӯҳлати ҷазоро адокарда ҳузур доранд.

Миёни афвшудагон маҳбусони ҷинояти махсусан вазнин содирнамуда, аз ҷумла маҳбусони ба истилоҳ «сиёсӣ» низ ҳузур доранд. Онҳо маҳбусоне мебошанд, ки барои узвият дар созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд ё ҳамчунин ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба ҷуз созмондиҳандагону роҳбаронаш мебошанд.

Пас аз озод шудан барои то манзили зист расонидани маҳбусон аз ҳисоби ҳукумати вилоят ва маъмурияти раёсати мазкур нақлиёт ҷудо карда мешавад.

«Дар афви мазкур ҳудуди 70 дарсади маҳбусон озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, аз корҳои ислоҳӣ боз 800 нафари дигар озод мегарданд. Мутассифона, ҳудуди 15-20 дарсади мавриди афв қароргирифтагон дубора ҷиноят содир намуда, ба зиндон дубора бармегарданд. Онҳо асосан дуздон, қаллобон ва авбошон мебошанд», – афзуданд дар Раёсати мазкур.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.