Вазорати нақлиёт: «Туртранскарго» ба ҳамлу нақли бор барои НАТО машғул нест

Сарчашмаҳои тоҷикистонӣ маълумот дар хусуси ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас»-и Қирғизистон ба Афғонистон машғул будани ширкатеро, ки ба духтари президенти Тоҷикистон муносибат дорад, рад месозанд. Чанде қабл президенти Иттиҳодияи ҳамлу нақли бори Қирғизистон Темирбек Шабданалиев дар мусоҳиба ба нашрияи «Tazabek» изҳор кард, ки тамоми корҳои марбут ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас» […]

Абдулло Ашӯров


Сарчашмаҳои тоҷикистонӣ маълумот дар хусуси ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас»-и Қирғизистон ба Афғонистон машғул будани ширкатеро, ки ба духтари президенти Тоҷикистон муносибат дорад, рад месозанд.

Чанде қабл президенти Иттиҳодияи ҳамлу нақли бори Қирғизистон Темирбек Шабданалиев дар мусоҳиба ба нашрияи «Tazabek» изҳор кард, ки тамоми корҳои марбут ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас» ба Афғонистонро ширкати «Туртранскарго» анҷом медиҳад, ки ба он духтари президенти Тоҷикистон низ муносибат дорад.

Бино ба маълумоти ӯ, ширкат шурӯъ аз соли 2009 ба фаъолият пардохта, бо он то соли 2012 қарордод ба имзо расидааст.

«Ба иштирок дар тендер ширкатҳои ҳамлу нақли бори ватаниро роҳ надоданд. Ҷониби Амрико ба баррасии масъалаи иштироки ширкатхои мо дар ҳамлу нақли бори низомӣ ва ғайринизомӣ ба Афғонистон омода аст. Агар корхонаи давлатии нақлиёти автомобилӣ таъсис дода шавад, мо бо ширкатҳои ҳамлу нақли бори Тоҷикистон рақобатпазирӣ карда метавонем», – гуфтааст Т. Шабданалиев.

Аммо ин иттилоъро сарчашмаҳои расмӣ дар Тоҷикистон рад сохтанд. «Ширкати «Туртранскарго» барои иштирок дар тендери эълоншуда аз ҷониби Пентагон барои таъмини ҳамлу нақли борҳои ғайринизомӣ аз фурудгоҳи «Манас» ба Афғонистон ҳатто ариза пешниҳод накардааст», – изҳор дошт дар робита ба ин масъала сардори Сарраёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти кишвар Фаррух Фахриддинов.

Ба гуфтаи Фахриддинов, ба ҳамлу нақли борҳо ширкати дигари Тоҷикистон машғул аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ифшои номи ин ширкат худдорӣ карда, изҳор намуд, ки таваҷҷӯҳи беҳад зиёди ВАО-и Тоҷикистон ба масъалаи мазкур ба имконоти ширкатҳои тоҷикистонӣ ҷиҳати ғолиб омадан дар тендерҳои минбаъда таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамчунин ӯ маълумот дар бораи ба духтари президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доштани ширкати «Туртранскарго»-ро низ рад кард.

Дар худи ширкати «Туртранскарго» изҳор карданд, ки суханони Т. Шабданалиев асоси воқеъӣ надоранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.