Ҳалокати ду нафар кормандони НОБ-и «Помир-1» ҳангоми иҷрои корҳои таъмир

Date:


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми иҷрои корҳои таъмир дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Помир-1» ду нафар кормандони нерӯгоҳ ба ҳалокат расиданд.

Онҳо ҳангоми баргузории корҳои таъмиру пешгирӣ дар обанбори нерӯгоҳи мазкур ғарқ шудаанд. Ин ҳодисаи фоҷебаор дар таърихи 6-уми сентябри соли ҷорӣ рух додааст.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар обанбори нерӯгоҳ Одинабек Мирзоҷонови 50-сола ва Ошим Давронови 37-сола ба ҳалокат расидаанд.

«Наҷотдиҳандагони ба маҳалли ҳодиса ҳозиршуда ҷасадҳои онҳоро аз обанбор берун оварда, ба хешовандонашон супурданд», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.

Айни замон сохторҳои марбута ба муайян кардани сабаби марги кормандони НОБ-и «Помир-1» машғуланд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...