Ҳалокати ду нафар кормандони НОБ-и «Помир-1» ҳангоми иҷрои корҳои таъмир

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми иҷрои корҳои таъмир дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Помир-1» ду нафар кормандони нерӯгоҳ ба ҳалокат расиданд. Онҳо ҳангоми баргузории корҳои таъмиру пешгирӣ дар обанбори нерӯгоҳи мазкур ғарқ шудаанд. Ин ҳодисаи фоҷебаор дар таърихи 6-уми сентябри соли ҷорӣ рух додааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Asia-Plus


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳангоми иҷрои корҳои таъмир дар нерӯгоҳи обӣ-барқии «Помир-1» ду нафар кормандони нерӯгоҳ ба ҳалокат расиданд.

Онҳо ҳангоми баргузории корҳои таъмиру пешгирӣ дар обанбори нерӯгоҳи мазкур ғарқ шудаанд. Ин ҳодисаи фоҷебаор дар таърихи 6-уми сентябри соли ҷорӣ рух додааст.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар обанбори нерӯгоҳ Одинабек Мирзоҷонови 50-сола ва Ошим Давронови 37-сола ба ҳалокат расидаанд.

«Наҷотдиҳандагони ба маҳалли ҳодиса ҳозиршуда ҷасадҳои онҳоро аз обанбор берун оварда, ба хешовандонашон супурданд», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.

Айни замон сохторҳои марбута ба муайян кардани сабаби марги кормандони НОБ-и «Помир-1» машғуланд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.