Вазни парчами бузургтарини Тоҷикистон муайян карда шуд

Вазни парчами миллии Тоҷикистон, ки рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз майдони «Дӯстӣ» гузаронида мешавад, 860 килоро ташкил медиҳад. Дарозии он ба 2011 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар аст. Вазни дақиқи парчами миллӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» муайян гардида, аз он ҷо ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки он аз матоъи шоҳӣ дӯхта шудааст. […]

Аваз Юлдошев


Вазни парчами миллии Тоҷикистон, ки рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ аз майдони «Дӯстӣ» гузаронида мешавад, 860 килоро ташкил медиҳад. Дарозии он ба 2011 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар аст.

Вазни дақиқи парчами миллӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» муайян гардида, аз он ҷо ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки он аз матоъи шоҳӣ дӯхта шудааст. Матоъи парчамро аз шаҳри Бишкек мақомоти шаҳрдории Душанбе дастрас кардааст.

Парчами миллии Тоҷикистон дар иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» дӯхта шуд. Пас аз анҷоми намоиши идона бузургтарин парчами миллии ҷумҳурӣ барои нигаҳдорӣ ба осорхонаи пойтахт супурда мешавад.

Мақомоти шаҳрдорӣ посухи аризаи худро дар робита ба ин парчами бузургтарин, ки роҷеъ ба сабти рекорди нави ҷаҳонӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ирсол карда буданд, интизорӣ доранд.

Ёдрас мекунем, ки рекорди нахуст рӯзи 30-юми август сабт гардид. Дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Поягоҳи парчам 165 метр баландӣ дошта, дар қисмати муқобили муҷассамаи Нишони давлатӣ дар назди Кохи Миллат воқеъ аст. Сохтмони поягоҳи парчамро Ширкати алюминии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуда, таҳияи лоиҳаи онро ширкати амрикоии «Trident Support» анҷом дод.

Дар маросими ифтитоҳи поягоҳи парчами миллии ҷумҳурӣ намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес ширкат варзида, ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи сабти рекорди нави ҷаҳониро тақдим намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.