Дар рейтинги рақобатпазирӣ Тоҷикистон 11 зина боло рафт

Дар рейтинги рақобатпазирии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон 11 зина боло рафт. Дар гузориши интишоргардида таҳти унвони «Рейтинги глобалии рақобатпазирӣ» барои солхои 2011-2012 гуфта мешавад, Тоҷикистон аз мавқеъи 116 то мавқеъи 105-ум боло рафтааст. Дар сархати рейтинги мазкур Швейтсария қарор дошта, аз паси он Сингапур, Шветсия, Финландия ва ИМА ҷойгир шудаанд. Дар ин рейтинг дар маҷмӯъ […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар рейтинги рақобатпазирии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон 11 зина боло рафт.

Дар гузориши интишоргардида таҳти унвони «Рейтинги глобалии рақобатпазирӣ» барои солхои 2011-2012 гуфта мешавад, Тоҷикистон аз мавқеъи 116 то мавқеъи 105-ум боло рафтааст. Дар сархати рейтинги мазкур Швейтсария қарор дошта, аз паси он Сингапур, Шветсия, Финландия ва ИМА ҷойгир шудаанд. Дар ин рейтинг дар маҷмӯъ мавқеъи 142 кишвари дунё зикр ёфтааст. Ҷойҳои охири рӯйхатро Чад, Гаити, Бурунди ва Ангола ишғол мекунанд. Дар рейтинг мавқеъи Белорус нишон дода нашудааст.

Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ мавқеъи худро беҳтар кардаанд. Миёни кишварҳои узви ИДМ мавқеъи аз ҳама баланд дар ин рейтингро Озарбойҷон касб кардааст, ки ду зина боло рафта мақоми 55-умро соҳиб аст.

Русия се зинаро аз даст дода, то мавқеъи 66-ум поин рафт. Қазоқистон бо касби мақоми 72-юм миёни кишварҳои узви ИДМ севум аст. Украина 7 зина (то мақоми 82-юм) ва Арманистон 6 мавқеъ (то зинаи 92-юм) боло рафтаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазириро бо назардошти беш аз 110 нишондиҳанда, аз ҷумла зербино, самаранокии бозорҳои мол ва меҳнат, сифати бахши маорифу таълим, вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, ҷорӣ сохтани инноватсияҳо, рушди бозори молиявӣ ва ғайра таҳия месозад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.