Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Русия рафт

Date:


Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба вилояти Астрахани Русия рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти вазорат Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар вилояти Астрахани Русия вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ҷараёни марҳилаи севуми тамринҳои низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифоъи ҳавоии ИДМ таҳти унвони «Боевое Содружество-2011» мушоҳида хоҳад кард.

Машқҳо имрӯз бо анҷоми тирпарронии ҳ рбӣ дар тамрингоҳи Ашулук ба итмом хоҳанд расид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар машқҳои мазкур ду гурӯҳи ҷангии нерӯҳои дифоъи ҳавоии Тоҷикистон иширок мекунанд.

«Тамринҳои мазкур иштироки муштараки қисмҳои низомии дифоъи ҳавоии Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро зимни муқобилат ба амали террористӣ дар даргирии мусаллаҳонаи наздимарзӣ пешбинӣ мекунанд», – афзуд Ф. Маҳмадалиев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...