Ҳайати Тоҷикистон озими Ню-Йорк шуд

Date:


Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид озими Ню-Йорк шуд.

Тавре аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар якчанд чорабиниҳои дар ҳошияи иҷлос барпошаванда иштирок мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби сафари кории Вазир ба Ню-Йорк, инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ ба нақша гирифта шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related