Суғд: Марафони ҷамъоварии воситаву маблағ барои беморони рӯҳӣ

Ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд бори нахуст баргузории марафони ҷамъоварии воситаҳову маблағ барои беморони рӯҳии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази вилоятии равоншиносӣ Ғуломҷон Маҳмадюсуфов хабар дод, ин аксия аз ҷониби маъмурияти маҳаллӣ дастгирӣ ёфта, он дар майдони назди бозори «Панҷшанбе» доир мегардад. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни марафон […]

Бахтиёр Валиев


Ояндаи наздик дар шаҳри Хуҷанд бори нахуст баргузории марафони ҷамъоварии воситаҳову маблағ барои беморони рӯҳии вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази вилоятии равоншиносӣ Ғуломҷон Маҳмадюсуфов хабар дод, ин аксия аз ҷониби маъмурияти маҳаллӣ дастгирӣ ёфта, он дар майдони назди бозори «Панҷшанбе» доир мегардад.

Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни марафон барои беморони гирифтори касалиҳои рӯҳу асаби беморхонаи вилоятӣ дар ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара сарулибос, маводи ғизоӣ ва маблағҳо ҷамъоварӣ карда мешаванд.

«Айни замон марказ ба таъмири асосӣ ниёз дошта, аз норасоии маводи ғизоӣ ва сарулибос барои беморон танқисӣ мекашад. Шахсоне ҳастанд, ки ба марказ ёрӣ мерасонанд, вале он танҳо ба якчанд рӯз кифоя мекунаду халос, – мегӯяд ӯ. – Ғайр аз ин, бемороне бистарианд, ки ба назди онҳо касе аз наздикону хешовандонашон хабаргирӣ намеоянд. Ин беморон тамоми умур яккаву танҳо мемонанд ва ба онҳо кӯмак расонидан зарур аст. Агар афроди некхоҳу саховатманд барои ба ин марказ овардани қубури оби тозаи нӯшокӣ кӯмак мекарданд, хеле хуб мешуд, зеро ба марказ оби нӯшокӣ аз масофаи 15-20 километр – аз ҷамоатҳои Чилгазӣ ва Лаккон оварда мешавад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.