Дар Кӯлоб қимати бензин то ба 7 сомонӣ боло рафт

Date:


Тӯли шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Кӯлоб қимати бензини навъи АИ-95 то 7,1 ва АИ-92 то ба 6,8 сомонӣ боло рафт.

Бинобар афзоиши хароҷоти нақлиёт арзиши тамоми маводи ғизоӣ ба андозаи 10-15% зиёд шуд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, танҳо қимати роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ бетағйир – 1 сомонӣ боқӣ мондааст. Сабаби ин чунин шарҳ дода мешавад, ки дар шаҳр нисбат ба мусофирон шумори нақлиёти хусусусии мусофирбар бештар аст.

Нархи роҳкиро аз Кӯлоб то пойтахти ҷумҳурӣ низ 5-10 сомонӣ афзуд. Феълан вобаста ба сӯзишвории газ ё бензин истифода бурдани нақлиёт қимати он аз 25 то 40 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аксари ронандагон ба сифати бензин шубҳа доранд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз ронандагони «тангемка»-и нав гуфт, тайи 2-3 моҳи ахир ҳаҷми хароҷоти сӯзишвории автомашинаи ӯ зиёд шудааст ва ба ин шояд сифати пасти бензин таъсиргузор бошад.

Моҳи январи соли равон шӯъбаи минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» якчанд далели  фурӯши бензини навъи АИ-80 ба ивази бензини АИ-92-ро ошкор кард.

Ронандагон мӯътақиданд, ки масъалаи пайдоиши бензини навъҳои АИ-92 ва АИ-95 дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвориро мебояд санҷид, зеро Русия ба содироти навъҳои бензини дорои октанаи баланд моратория эълон кардааст. Русия бошад, таъминкунандаи асоси маводи сӯзишвории Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз болоравии шадиди қимати маводи сӯзишворӣ, кам шудани шумори автомашинаҳо дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб ба мушоҳида намерасад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...