Барномаи Театри ҷавонон «Сулҳ»-и сафорати ИМА дар вилоятҳои Суғду Хатлон

Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории як силсила лагерҳои тобистона ва семинарҳо доир намуд, ки онҳоро ширкаткунандагони Барномаи  Театри ҷавонон “Сулҳ” (ТҶС) ташкил намуданд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи мазкур театрро ҳамчун василаи эҷодӣ барои ҷалби сокинони деҳот дар муайян намудан ва ёфтани роҳи ҳалли […]

Asia-Plus


Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории як силсила лагерҳои тобистона ва семинарҳо доир намуд, ки онҳоро ширкаткунандагони Барномаи  Театри ҷавонон “Сулҳ” (ТҶС) ташкил намуданд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи мазкур театрро ҳамчун василаи эҷодӣ барои ҷалби сокинони деҳот дар муайян намудан ва ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти маҳал  истифода мебарад. Иштирокчиёни калонсол ва ҷавонони барнома, ки ба воситаи ин усулҳо омӯзонида шудаанд, семинарҳо барои ҷавонони ҷамоатҳои худ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ташкил мекунанд. 

То имрӯз, тавассути грантҳои хурд иштирокчиёни барнома 20 семинар оид ба Драмаи Тағйирдиҳии Низоъ (ДТН) ,гузаронданд ки зиёда аз 300 иштирокчиёнро аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ҷамъ овард.  Ин малакаҳо ба наврасон кӯмак медиҳанд, ки дар назди мактабҳояшон маҳфилхои драмавии худро ташкил намоянд. Ташкилкунандагон ва тренерон худ наврасону ҷавонони ҳамин деҳаҳо мебошанд, ки тобистони соли гузашта аз машғулияти Барномаи ТҶС гузаштаанд. Онҳо ин усулро барои эҷоди саҳначаҳо ва баҳсҳо дар мавзӯъҳои ҳалталаби маҳал истифода мебаранд.

Яке аз иштирокчиёни ҷавон дар мусоҳиба чунин гуфт: “Ба ман ин бозиҳо маъқуланд, чунки мо якдигарро қаблан намедонистем ва тавассути ин бозиҳо мо бо якдигар шинос шудем ва баҳсҳоро ташкил намудем. Аз ин рӯ ман хурсандам, ки маро ба ин машғулият интихоб намудаанд ва ман метавонам   маҳорати худро дар маҳфили драмавие, ки дар мактабамон ташкил мегардад, истифода барам.

Иштирокчии дигари машғулият низ қайд намуд, ки баъди иштирок дар машғулиятҳои барномаи мазкур аввали соли ҷорӣ, орзӯяш ин буд, ки ба чунин гурӯҳи наврасони роҳбар ҳамроҳ шавад. Иштирокчиёни Барномаи Театри ҷавонон “Сулҳ” барои зиёда аз 10 ҳазор тамошобинон дар 80 деҳоти вилоятҳои Хатлон ва Суғд саҳначаҳо ба намоиш гузоштанд.

Барномаи Театри ҷавонон “Сулҳ” яке аз барномаҳои сершумори Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ мебошад, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардидааст.  Аз соли 1992 то имрӯз мардуми  Амрико барои барномаҳои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва  рушди иқтисод дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар сарф намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.