Дар Кӯлоб қимати бензин то ба 7 сомонӣ боло рафт

Тӯли шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Кӯлоб қимати бензини навъи АИ-95 то 7,1 ва АИ-92 то ба 6,8 сомонӣ боло рафт. Бинобар афзоиши хароҷоти нақлиёт арзиши тамоми маводи ғизоӣ ба андозаи 10-15% зиёд шуд. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, танҳо қимати роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ бетағйир – 1 сомонӣ боқӣ мондааст. Сабаби ин чунин шарҳ дода мешавад, ки дар […]

Турко Дикаев


Тӯли шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Кӯлоб қимати бензини навъи АИ-95 то 7,1 ва АИ-92 то ба 6,8 сомонӣ боло рафт.

Бинобар афзоиши хароҷоти нақлиёт арзиши тамоми маводи ғизоӣ ба андозаи 10-15% зиёд шуд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, танҳо қимати роҳкирои нақлиёти шаҳрӣ бетағйир – 1 сомонӣ боқӣ мондааст. Сабаби ин чунин шарҳ дода мешавад, ки дар шаҳр нисбат ба мусофирон шумори нақлиёти хусусусии мусофирбар бештар аст.

Нархи роҳкиро аз Кӯлоб то пойтахти ҷумҳурӣ низ 5-10 сомонӣ афзуд. Феълан вобаста ба сӯзишвории газ ё бензин истифода бурдани нақлиёт қимати он аз 25 то 40 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аксари ронандагон ба сифати бензин шубҳа доранд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз ронандагони «тангемка»-и нав гуфт, тайи 2-3 моҳи ахир ҳаҷми хароҷоти сӯзишвории автомашинаи ӯ зиёд шудааст ва ба ин шояд сифати пасти бензин таъсиргузор бошад.

Моҳи январи соли равон шӯъбаи минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» якчанд далели  фурӯши бензини навъи АИ-80 ба ивази бензини АИ-92-ро ошкор кард.

Ронандагон мӯътақиданд, ки масъалаи пайдоиши бензини навъҳои АИ-92 ва АИ-95 дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвориро мебояд санҷид, зеро Русия ба содироти навъҳои бензини дорои октанаи баланд моратория эълон кардааст. Русия бошад, таъминкунандаи асоси маводи сӯзишвории Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз болоравии шадиди қимати маводи сӯзишворӣ, кам шудани шумори автомашинаҳо дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб ба мушоҳида намерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.