Роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Санкт-Петербург аз муҳоҷирони тоҷик ҳимоя кард

Шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва вилояти Ленинград на он қадр ба ҷиноёт даст мезананд, – гуфт дар шаҳри Душанбе сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Елена Дунаева. Дар мулоқот бо мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагони ВАО дар шаҳри Душанбе […]

Пайрав Чоршанбиев


Шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва вилояти Ленинград на он қадр ба ҷиноёт даст мезананд, – гуфт дар шаҳри Душанбе сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Елена Дунаева.

Дар мулоқот бо мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагони ВАО дар шаҳри Душанбе Е. Дунаева изҳор кард, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Санкт-петербург ва вилояти Ленинград ҳамагӣ 177 ҷиноят содир намудаанд, ки аслан аз ҷанҷолу занозанӣ, дуздӣ ва ҷиноёти иқтисодӣ иборатанд.

Дунаева мегӯяд, феълан нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави номбурда амалҳои зиёди моҷароҷӯёна аз ҷониби шаҳрвандони Русия ба мушоҳида намерасад.

«Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград 45 ҷиноят содир шудааст, ки миқдори зиёди он ба фиребгариву қаллобӣ, тамаъҷӯйӣ ва авбошӣ марбут аст», – гуфт ӯ.

Намояндаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия зикр намуд, ки мутобиқи маълумоти расмӣ, айни замон дар ин қаламрав ҳудуди 80 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик кору зиндагӣ доранд. «Вале ин рақам низ бозгӯйи ҳақиқат нест ва тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори онҳо то ба 150 ҳазор нафар мерасад», – мутмаин аст вай.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз шумори умумии муҳоҷирони кори тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингрда 21% дар соҳаи савдо, 20% – дар бахши сохтмон, 18,5% – дар саноати коркард, 13% – дар соҳаи нақлиёту алоқа ва 27%-и боқимонда – дар бахшҳои дигар машғули коранд.

Қобили зикр аст, ки мақомоти раҳбарииХадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-петрбург ва вилояти Ленинград ҷиҳати баррасии масоили танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ба таври қонунӣ бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Душанбе ташриф овард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.