Хуҷанд: Ҳалокати ҷавони 18-сола дар ҷанҷоли бо кордзанӣ анҷомёфта

Бар асари як ҷанҷоле, ки миёни ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвасту бо кордзанӣ анҷом ёфт, як ҷавони 18-сола ба ҳалокат расид. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят се нафар гумонбаршудагон боздошт шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 15-уми сентябр дар назди театри ба номи Камоли […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари як ҷанҷоле, ки миёни ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвасту бо кордзанӣ анҷом ёфт, як ҷавони 18-сола ба ҳалокат расид. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят се нафар гумонбаршудагон боздошт шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 15-уми сентябр дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ миёни як гурӯҳ ҷавонон ҷанҷолу афтударафт ба вуқӯъ пайваста, он бо кордзанӣ ба анҷом мепазирад. «Дар натиҷа Шӯҳрат Ӯрунови 18-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамроҳони ӯ – Фирдавс Каримови 18-сола ва Мӯминҷон Ҷӯраеви 23-сола бо ҷароҳатҳои бардошта аз зарби корд ба беморхона бистарӣ шудаанд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ин ҳодиса ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. «Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта ба гумони даст доштан дар содир намудан ин ҷиноят ду нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – А.Т.-и 20-сола ва Б.М.-и 21-сола ва ҳамчунин сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд З.П. дастгир шуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 237, қ. 3 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ правандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷиҳати боздошти дигар афроди дар ин ҷиноят дастдошта, аз ҷумла як нафар ноболиғ чораҳо андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.