Тақсимоти қитъаҳои замин дар Хатлон қариб 70% ба анҷом расид

Дар вилояти Хатлон тақсимоти қитъаҳои замине, ки аз ҷониби ҳукумат барои фонди манзил ҷудо шуда буданд, қариб ба андозаи 70% ба анҷом расиданд. Бино ба маълумоти шӯъбаи иқтисод ва банақшагирии молиявии дастгоҳи раиси вилоят, аз 7 ҳазору 476,6 гектар замин 4 ҳазору 280,7 гектар аллакай ҷудо карда шудааст. Қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зистро 33 […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон тақсимоти қитъаҳои замине, ки аз ҷониби ҳукумат барои фонди манзил ҷудо шуда буданд, қариб ба андозаи 70% ба анҷом расиданд.

Бино ба маълумоти шӯъбаи иқтисод ва банақшагирии молиявии дастгоҳи раиси вилоят, аз 7 ҳазору 476,6 гектар замин 4 ҳазору 280,7 гектар аллакай ҷудо карда шудааст. Қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зистро 33 ҳазору 498 оила соҳиб шуданд. Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар 9-тоаш ҷараёни тақсимоти қитъаҳои замин аз фонди манзил пурра ба итмом расидааст. Дар шаҳру навоҳии боқимонда ин нишондиҳанда ба андозаи аз 16 то 85% баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти мазкур ба маълумоти Кумитаи заминсозии вилоят мухолифанд. Мутобиқи маълумоти ин кумита, ба санаи 10-уми сентябр ба 163 нафар сокинони се ноҳияи вилоят – Бохтар, Ҷомӣ ва Мӯъминобод 15,56 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Як манбаъ аз Кумитаи заминсозии вилоят мегӯяд, маълумоте, ки комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳӣ ба дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод менамоянд, ба воқеъият рост намеояд.

«Сарфи назар аз 30-юми декабри соли 2010 шурӯъ гардидани тақсимоти қитъаҳои замин, ба ҷуз маълумоти дар боло зикршуда, ба Кумитаи заминсозӣ дигар ҳеҷ асноде барои гирифтани сертификати истифодаи замин ворид нашудааст», – афзуд ҳамсӯҳбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.