Обанбори Норак то ҳадди ниҳоӣ пур аст

Date:


Сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» то ҳадди ниҳоӣ пур буда, айни замон ба 910 метр расидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, феълан сатҳи ҷоришавии об ба обанбор ҳудуди 1000 метри мукааб дар як сония ва хароҷот беш аз 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. «Миқдори обпартоии холӣ аз обанбори нерӯгоҳи «Норак» ба наздики 300-350 метри мукааб дар як сония баробар аст», – гуфт ӯ.

Дар робита ба масъалаи ҷорӣ сохтани лимити истифодаи барқ дар кишвар намояндаи ширкат гуфт, «дар ин бора ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст».

«Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсисми тирамоҳу зимистон таъмини аҳолӣ ва бахши саноатии кишвар бо нерӯи барқ аз соли гузашта бадтар нахоҳад буд, вале ҳамааш ба обуҳаво вобаста аст», – таъкид кард Н.Ёдгорӣ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта танҳо дар манотиқи деҳоти кишвар лимити истифодаи барқ ҷорӣ гардида буд. Ба манотиқи дехот дар як шабонарӯз муддати 10-12 соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд. Шаҳрҳои бузург мунтазам бо барқ таъмин буданд.

Маҳдудияти шадидтарини истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон соли 2008 ҷорӣ гардида буд. Шурӯъ аз моҳи сентябр то апрели ҳамон мавсим ба шаҳру навоҳии кишвар бо шумули пойтахт дар як шабонарӯх ҳамагӣ якчанд соат нерӯи барқ интиқол мегардид. Аксари манотиқи деҳот умуман аз таъминот бо нерӯи барқ маҳрум гардида буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...