Ғоратгарон 50 ҳазор доллари ИМА-ро бо худ бурданд

Яке аз хонаҳои кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе мавриди ғорати мусаллаҳона қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ахири ҳафтаи гузашта ашхоси номаълум ба манзили зисти яке аз сокинони пойтахт ворид гардида, дасту пойи соҳибхонаро мебанданд ва сипас аз хона маснӯъоти заргарӣ ва пули нақд дар ҳаҷми умумии 50 […]

Аваз Юлдошев


Яке аз хонаҳои кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе мавриди ғорати мусаллаҳона қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ахири ҳафтаи гузашта ашхоси номаълум ба манзили зисти яке аз сокинони пойтахт ворид гардида, дасту пойи соҳибхонаро мебанданд ва сипас аз хона маснӯъоти заргарӣ ва пули нақд дар ҳаҷми умумии 50 ҳазор доллари ИМА-ро бо худ мебаранд.

Соҳибхоназан Ф.Н.-и 21-сола гуфтааст, ғоратгарон чор нафари ниқобпӯш ва бо таппонча мусаллаҳ будаанд.

«Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷустуҷӯйи ғоратгарон идома дорад», – гуфтанд дар ВКД.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.