Обанбори Норак то ҳадди ниҳоӣ пур аст

Сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» то ҳадди ниҳоӣ пур буда, айни замон ба 910 метр расидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, феълан сатҳи ҷоришавии об ба обанбор ҳудуди 1000 метри мукааб дар як сония ва хароҷот беш аз 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. «Миқдори […]

Аваз Юлдошев


Сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» то ҳадди ниҳоӣ пур буда, айни замон ба 910 метр расидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, феълан сатҳи ҷоришавии об ба обанбор ҳудуди 1000 метри мукааб дар як сония ва хароҷот беш аз 700 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. «Миқдори обпартоии холӣ аз обанбори нерӯгоҳи «Норак» ба наздики 300-350 метри мукааб дар як сония баробар аст», – гуфт ӯ.

Дар робита ба масъалаи ҷорӣ сохтани лимити истифодаи барқ дар кишвар намояндаи ширкат гуфт, «дар ин бора ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст».

«Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик», дар мавсисми тирамоҳу зимистон таъмини аҳолӣ ва бахши саноатии кишвар бо нерӯи барқ аз соли гузашта бадтар нахоҳад буд, вале ҳамааш ба обуҳаво вобаста аст», – таъкид кард Н.Ёдгорӣ.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта танҳо дар манотиқи деҳоти кишвар лимити истифодаи барқ ҷорӣ гардида буд. Ба манотиқи дехот дар як шабонарӯз муддати 10-12 соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд. Шаҳрҳои бузург мунтазам бо барқ таъмин буданд.

Маҳдудияти шадидтарини истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон соли 2008 ҷорӣ гардида буд. Шурӯъ аз моҳи сентябр то апрели ҳамон мавсим ба шаҳру навоҳии кишвар бо шумули пойтахт дар як шабонарӯх ҳамагӣ якчанд соат нерӯи барқ интиқол мегардид. Аксари манотиқи деҳот умуман аз таъминот бо нерӯи барқ маҳрум гардида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.