Анҷоми амалиёти махсуси «Велосипед» дар ҷумҳурӣ

Date:


Дар Тоҷикистон амалиёти махсус таҳти унвони «Велосипед, ки шурӯъ аз 15-уми сентябр аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ доир гардид, ба анҷом расид.

Ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор сохтани велосипедрононе аст, ки ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ даст мезананд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати БДА-и ВКД Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт ба афроде, ки дар велосипедҳои худ садоҳои баланди гуногун ва магнитофон гузошта, бо ин амал тартиботи ҷамъиятиро халалдор месохтанд, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. «Барои ин амал 72 нафар велосипедронон ҷаримабандӣ шуда, воситаҳои истифоданамудаи онҳо мусодира гардид», – гуфтанд дар раёсат.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои сарчашма, рӯзи 18-уми сентябр бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ду нафар велосипедронони ноболиғ ба ҳалокат расиданд. Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ба велосипедҳои онҳо бархӯрд.

Дар маҷмӯъ, тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар бар асари садами нақлиёт ду нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияи Ёвон духтарчаи сесола зери чархи мошин монда, дар ноҳияи Ҷомӣ низ велосипедрони 20-сола зери чархи мошини боркаши ГАЗ-53 монд. Аз рӯйи ин далелҳо тафтишот бурда мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...