Бензини деринтизори Русия ба Тоҷикистон расид

Нуқтаҳои фурӯши ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» имрӯз ба фурӯши бензини навъи АИ-92 шурӯъ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, рӯзи душанбе ба Тоҷикистон 30 вагони бензин ворид шудааст. «Дирӯз, 19-уми сентябри соли равон ба шаҳри Душанбе 1 ҳазору 600 тонна бензини навъи АИ-92-и меъёри Евро-2, ки дар корхонаи коркарди нафти Новокуйбишевски вилояти Самараи […]

Заррина Эргашева


Нуқтаҳои фурӯши ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» имрӯз ба фурӯши бензини навъи АИ-92 шурӯъ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, рӯзи душанбе ба Тоҷикистон 30 вагони бензин ворид шудааст.

«Дирӯз, 19-уми сентябри соли равон ба шаҳри Душанбе 1 ҳазору 600 тонна бензини навъи АИ-92-и меъёри Евро-2, ки дар корхонаи коркарди нафти Новокуйбишевски вилояти Самараи Русия истеҳсол шудаанд, ворид гардиданд. Бо ворид шудани бензин мо саривақт ҷиҳати мувофиқа сохтани қимати чаканаи маводи сӯзишворӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намудем», – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба маълумоти сарчашма, имрӯз дар нуқтҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» қимати бензини навъи АИ-92 – 6,70, АИ-80 – 6,40 ва сӯзишвории дизелӣ – 6,20 сомонӣ барои як литрро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» аз 5-уми сентябр ба фурӯши бензинҳои навъи АИ-92 ва АИ-95 дар нуқтаҳои фурӯши худ лимит ҷорӣ карда буд. Аллакай рӯзи 13-уми сентябри соли равон бинобар ба охир расидани захираҳо фурӯши ин навъи бензинҳо дар нуқтаҳои фурӯши ширкат қатъ гардида буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.