Мулло Ҳайдар ҷонибдори бозгашти ҷавонон аз макотиби динии хориҷӣ аст

Аз 60 нафар сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ки дар кишварҳои гуногуни Шарқ ва Африқо таълимоти динӣ гирифтаанд, 41 нафарашон ба ватан баргаштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Холмирзо Қаландаров хабар дод, ба 13 нафари онҳо барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар иҷозат дода […]

Турко Дикаев


Аз 60 нафар сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ки дар кишварҳои гуногуни Шарқ ва Африқо таълимоти динӣ гирифтаанд, 41 нафарашон ба ватан баргаштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Холмирзо Қаландаров хабар дод, ба 13 нафари онҳо барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар иҷозат дода шудааст, зеро онҳо расман ба он ҷо фиристода шуда буданд.

Бино ба маълумоти Қаландаров, ҷавонони аз макотиби динии хориҷӣ ба ватан баргашта хоҳиши дар Тоҷикистон соҳиб шудан ба маълумоти динӣ надоштаанд.

«Чанде аз онҳо муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намуда, боқимонда дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе ба тиҷорати хурд машғуланд, – мегӯяд Қаландаров. – Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки 4 нафар сокинони ноҳияи Кӯлоб бозгашт ба ватанро рад кардаанд. Як нафари хоҳишманди бозгашт барои харидани билети ҳавопаймо маблағ надошта, дар бораи сокини дигари Кӯлоб Илҳом Назарови 33-сола, ки аз Русия ба Эрон гӯё барои таҳсил ба яке аз макотиби динӣ рафта будааст, муддти 4 сол аст, ки ҳеҷ хабаре нест».

Дар ҳамин ҳол, рӯҳонии маъруфи минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар (Ҳайдар Шарифов) қонуни қабулшудаи ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бозгашти ҷавонон аз макотиби олии динии хориҷиро, ки бо воситаҳои гуногун ба он ҷо сафарбар шудаанд, мантиқан дуруст мешуморад.

Ба андешаи ӯ, дар масҷиду донишкадаҳои исломии кишварҳои гуногуни дунё равия ва расму анъанаҳои мухталифи исломӣ омӯзонида мешаванд. «Ҳарчанд ҳама гуна таълимот дар онҳо таҳти парчами Ислом сурат гирад ҳам, дар он ҷойҳо ҳатто тарзи иҷрои бархе аз маросиму оин тафовут дорад. Агар минбаъд низ чунин идома ёбад, мо худамон барои барангехтани низоъи динӣ дар кишвар замина муҳайё месозем», – афзуд Мулло Ҳайдар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.