Бензини деринтизори Русия ба Тоҷикистон расид

Date:


Нуқтаҳои фурӯши ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» имрӯз ба фурӯши бензини навъи АИ-92 шурӯъ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, рӯзи душанбе ба Тоҷикистон 30 вагони бензин ворид шудааст.

«Дирӯз, 19-уми сентябри соли равон ба шаҳри Душанбе 1 ҳазору 600 тонна бензини навъи АИ-92-и меъёри Евро-2, ки дар корхонаи коркарди нафти Новокуйбишевски вилояти Самараи Русия истеҳсол шудаанд, ворид гардиданд. Бо ворид шудани бензин мо саривақт ҷиҳати мувофиқа сохтани қимати чаканаи маводи сӯзишворӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ муроҷиат намудем», – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба маълумоти сарчашма, имрӯз дар нуқтҳои фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» қимати бензини навъи АИ-92 – 6,70, АИ-80 – 6,40 ва сӯзишвории дизелӣ – 6,20 сомонӣ барои як литрро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» аз 5-уми сентябр ба фурӯши бензинҳои навъи АИ-92 ва АИ-95 дар нуқтаҳои фурӯши худ лимит ҷорӣ карда буд. Аллакай рӯзи 13-уми сентябри соли равон бинобар ба охир расидани захираҳо фурӯши ин навъи бензинҳо дар нуқтаҳои фурӯши ширкат қатъ гардида буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...