Cоли равон суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи на кам аз 6% таъмин мегардад

Date:


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурўҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз раванди чунин ҳамкорӣ ва рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки сарфи назар аз омилҳои манфии беруна, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ, таъмин мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар натиҷаи татбиқи босамари сиёсати андоз ва пулию қарзӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2011 дар сатҳи на кам аз 6% таъмин гардида, сатҳи таваррум низ қаноатбахш боқӣ мемонад.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related