Эмомалӣ Раҳмон сафири Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бори дигар ва бевосита хоҳиш намуд, ки ҳамдардии амиқ ва тасаллияти ў ва мардуми Тоҷикистонро […]

Asia-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммадро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон бори дигар ва бевосита хоҳиш намуд, ки ҳамдардии амиқ ва тасаллияти ў ва мардуми Тоҷикистонро аз шаҳодати Раиси Шўрои Олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба фарзандону пайвандони шодравон ва ҳамчунин ба мардуми шарифи Афғонистон бирасонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз куштори даҳшатангези ин шахсияти ҷаҳонӣ ва дорои нуфузу эътибори бориз дар миёни тамоми қавму қабоили Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, ин амали террористиро шадидан маҳкум намуд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба марги устод Бурҳониддин Раббонӣ танҳо нерўҳое метавонанд манфиатдор бошанд, ки ҷонибдори идома ёфтани ҷангу ҷидол, ноормию бесуботӣ ва тафриқаандозӣ миёни қавмҳои Афғонистонанд, зеро ин марди бузург барои барқарорсозии ҳаёти осоишта ва рўзгори босаодати мардуми шарифи Афғонистон  пайваставу мудом ҷаҳду талош мекард».

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо барои ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимӣ аз марги нобаҳангоми устод Бурҳониддин Раббонӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.