Намояндагони генерал Тағоймуродов боз ба додгоҳ ҳозир нашуданд

Date:



Ҷаласаи додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои генерал Анвар Тағоймуродов ба ҳафтавори «Азия-Плюс» бори навбатӣ доир нагардид.


Тавре адвокати ҳафтавор Шӯҳрат Қудратов хабар дод, мурофиаи додгоҳӣ бинобар ба додгоҳ ҳозир нашудани намояндагони даъвогар баргузор нашудааст.


«Ин маротибаи дуюм аст, ки намояндагони даъвогар ба додгоҳ ҳозир намешаванд ва дар ин хусус ҷониби дигарро огоҳ намесозанд. Қабл аз ин низ онҳо ба мурофиаи додгоҳии рӯзи 16-уми сентябр ҳозир нашуда буданд. Додрас бо онҳо дар тамос шуда, ҳозир шуданашонро дар соати 3-и рӯз мувофиқа кард, вале онҳо боз наомаданд. Додгоҳ тасмим гирифта буд, ки мурофиаро то рӯзи 21-уми сентябр мавқуф гузорад, вале имрӯз ҳам онҳо бо сабабҳои номаълум ҳозир шуда натавонистанд. Акнун мурофиаи додгоҳии навбатӣ ба снаи 23-юми сентябр таъин гардид», – гуфт Қудратов.


Ёдрас мекунем, ки собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, феълан муовини вазири ин ниҳод Анвар Тағоймуродов нахуст нашрияи «Азия-Плюс» ва баъдан хабарнигори он Рамзия Мирзобековаро ба додгоҳ кашид. Ба иддаои вай мақолаи «Тафтиш ё инкивизитсия?» олудаи тӯҳмату таҳқир буда, шаъну эътибор ва номи неки ӯро миёни кормандон ва ҷомеаи паст мезанад. Ӯ


1


миллион




сомонӣ




ҷуброн




талаб




кардааст


.


Мавриди




зикр




аст


,


ки




дар




матлаби




Рамзия




Мирзобекова




аз




шиканҷаву




азоби




боздоштшудаҳо




аз




сӯи




кормандони




интизомӣ




нақл




мешуд


.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...