Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини дабири кулли СММ мулоқот кард

Дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ ва муовини Маъмури Барномаи рушди СММ Ребекка Гринспан баргузор гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳо бо ниҳоди мазкур ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону […]

ASIA-Plus



Дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ ва муовини Маъмури Барномаи рушди СММ Ребекка Гринспан баргузор гардид. 


Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳо бо ниҳоди мазкур ва лоиҳаҳои фаромарзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамрохон Зарифӣ аз хонум Гринспан ҷиҳати боздид аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти дафтари Барномаи рушди СММ дар кишвар ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда бо ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.


Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Словения Самуэл Жбогар мулоқот намуд.


Дар мулоқот масъалаҳои равобити дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, зимни мулоқот дар мавриди вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.