Тақозои 5 соли зиндон ва афви минбаъда барои хабарнигори Би-Би-Сӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои хабарнигори Би-Би-Сӣ 5 соли зиндон ва минбаъд бо истифодаи қонуни афв озод кардани ӯро тақозо кард. Зимни музокироти ҷонибҳо айбдоркунандаи давлатӣ – додситон Нозир Абдураҳмонов дар ин бора дархост намуда, айбдор донистани Усмонов мутобиқи моддаҳои 36, қ. 5  ва 307, прим 3, қ. 2-и КҶ-ро хоҳиш кард. Амоо ҷониби ҳимояи […]

Мавлуда Рафиева


Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои хабарнигори Би-Би-Сӣ 5 соли зиндон ва минбаъд бо истифодаи қонуни афв озод кардани ӯро тақозо кард.

Зимни музокироти ҷонибҳо айбдоркунандаи давлатӣ – додситон Нозир Абдураҳмонов дар ин бора дархост намуда, айбдор донистани Усмонов мутобиқи моддаҳои 36, қ. 5  ва 307, прим 3, қ. 2-и КҶ-ро хоҳиш кард.

Амоо ҷониби ҳимояи журналист комилан мухолифи ин айбдоркунӣ буда, тасдиқи бегуноҳии журналистро талаб кард.

Адвокати журналист Файзинисо Воҳидова изҳор кард, ки боздошти Усмонов ва тамоми амали нисбати ӯ анҷомдода ҳангоми тафтишоти пешакӣ ғайриқонунӣ буданд.

«Дар ҷараёни тафтишот мо ҳама шоҳиди он будем, ки ҷиҳати узвитяи журналист ба созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва мусоидати ӯ дар содир намудани ҷинояти мазкур ҳеҷ далеле оварда нашуд. Гузашта аз ин, нисбат ба журналист рафтори ношоям содир гардида, дар ҷисми ӯ пайи латукӯб ва шиканҷа пас аз боздошташ дар санаи 13-уми июн намудор буд», – гуфт адвокат.

Воҳидова ҳамчунин аз додгоҳ дархост кард, ки нисбат ба сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эраҷ Давлатов мутобиқи моддаҳои 358 (Боздошт ва ҳабси ғайриқонунӣ) ва 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Пас аз як моҳ хабарнигор бо шарти тарк накардани қламрави маҳалли зист озод карда шуд. Би-Би-Сӣ бар ин назар аст, ки айбҳои нисбати Ӯрунбой Усмонов пешниҳодшуда бепоя буда, ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.